– Даъвати «академик» аз Ӯзбекистон Рустамҷон Абдуллоев оид ба
бомбаборон кардани нерӯгоҳи Роғун
ва дахолати низомии кишвари ҳамсоя ба умури дохилии Тоҷикистон собит месозад, ки ӯ ба шахси солимақл монанд нест ва натанҳо душмани тоҷикону ӯзбекон, балки тамоми инсоният аст, зеро шахси солимақл ҳеҷ гоҳ ба ҷангу харобиҳо даъват намекунад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» вакили палатаи поёнии парлумони кишвар, котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Исмоил Талбаков.
Дар идома ӯ таъкид намуд, ки амалҳои низомии аз ҷониби Абдуллоев пешниҳодшуда алайҳи Тоҷикистон натанҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки ба марлдуми Ӯзбекистон ҳам талафоту харобиҳо ба бор меоваранд.
«Ман ба пирӯзии ақлу хирад дар баҳси ду кишвари ҳамсоя бовар дорам, вале муаллифони ин андешаҳои беақлона ба мисли Абдуллоев бояд бидонанд, ки иқтидори имрӯзаи артиши тоҷик барои пешгирии даъватҳои ҷангҷӯёнаи тамоми душманони кишвари мо кофӣ аст», – гуфт сиёсатмадор.
Ба қавли ӯ, лоиҳаи сирф иқтисодии нерӯгоҳи Роғунро, ки нафъовар буданаш барои тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро тамоми коршиносони варзида собит сохтанд, бо талошҳои нафароне чун Абдуллоев баъзе гурӯҳҳо ба мазҳака табдил доданианд.
«Тоҷикон масале доранд: «Шаҳр бе дарвоза нест». Умедворам, ки дар забони ӯзбекӣ ҳам ба ин маънӣ масал мавҷуд аст ва шахсоне ба мисли Абдуллоев дар ниҳояти кор бояд дарк бикунанд, ки онҳо соҳибони ин ҷаҳон нестанд», – афзуд Талбаков.



