Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли семент дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 580 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки пешсафи истеҳсоли семент дар кишвар ширкати «Хуксаин Ғаюр семент» мебошад, ки 443 ҳазор тонна аз ҳаҷми умумии истеҳсол ба ҳиссаи ин ширкат рост меояд. «Дар ин давра «Тоҷиксемент» 120 ҳазор тонна семент истеҳсол карда, дар истеҳсоли ҳиссаи боқимондаи ин масолеҳи сохтмон корхонаҳои хурди ҷумҳурӣ саҳм гузоштанд», – гуфтанд дар вазорат.
Бино ба маълумоти вазорат, айни замон дар саросари кишвар 10 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доранд ва то охири сол дар ин корхонаҳо истеҳсоли беш аз 1 млн. тонна ин масолеҳи зарурии сохтмон ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли 2013 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 385 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки талаботи солонаи ҷумҳурӣ ба ин масолеҳои сохтмон беш аз 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Камбуди семент аз ҳисоби воридоти он асосан аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда мешавад.



