Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Омбудсмен) ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар доираи тадбиқи Лоиҳаи «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти имконияти одамон дар Тоҷикистон» маросими муаррифии Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар шаҳри Исфараро доир намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода, Раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодиров, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, раисони мақомоти худидоракунӣ, кормандони Дастгоҳи Раиси шаҳр, намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО-и маҳалӣ ва фаъолони шаҳри Исфара иштирок намуданд.
Муаррифӣ бо мақсади шинос намудани аҳли ҷамоатчигии шаҳри Исфара бо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсис додани Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар шаҳри Исфара ва ҷалби аҳолӣ дар фаъолияти он баргузор гардид.
Қабулгоҳи ҷамъиятӣ сохтори ёрирасон ва машваратӣ буда, фаъолияти он ба қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, гузаронидани мониторинг ва чорабиниҳои омӯзишӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир равона мешавад.
Дар анҷоми кори мизи мудаввар иштирокчиёни он ҳавасмандии худро ҷиҳати таъсис додани Қабулгоҳи ҷамъиятӣ қайд намуда, барои фаъолияти пурсамари он омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ ва иштирок дар фаъолияти он иброз намуданд.
Ҳамчунин, Зариф Ализода дар Қабулгоҳи ҷамъиятии навтаъсис 3 нафар сокинони шаҳри Исфараро ба ҳузур пазируфта, муроҷиатҳои онҳоро қабул намуд.



