Намоишгоҳи байнулмилалии кишоварзӣ дар ҷануб бо дастгирии ИМА

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ–ярмаркаи байналмиллалии кишоварзӣ “Хатлон-2014” оғоз бахшиданд. Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, зиёда аз 100 соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ аз Тоҷикистон, аз он ҷумла, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, деҳқонон, харидорон, соҳибони дастгоҳҳои сардкунанда, коркардчиёни маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯшандагони чакана […]



Сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ–ярмаркаи байналмиллалии кишоварзӣ “Хатлон-2014” оғоз бахшиданд.

Бино ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, зиёда аз 100 соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ аз Тоҷикистон, аз он ҷумла, таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзӣ, деҳқонон, харидорон, соҳибони дастгоҳҳои сардкунанда, коркардчиёни маҳсулоти кишоварзӣ ва фурӯшандагони чакана дар якҷоягӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва Иттиҳоди агробизнеси Тоҷикистон дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур иштирок намуданд. Инчунин соҳибкорон аз Ҳиндустон, Туркия, Голландия ва Шветсия дар он ширкат варзиданд. Намоишгоҳ-ярмаркаи аграрӣ муддати ду рӯз давом кард. Он имкониятҳои бозоргонии қисми ғарбии вилояти Хатлонро, ки ташаббуси Ҳукумати ИМА“Озуқаворӣ ба хотири фардо” дар ин минтақа амалӣ мегардад, таҷассум намуд. Инчунин чорабинии мазкур ба соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати ба ҳам омадан бо шарикони имконпазир аз ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам овард.

Сафир Эллиотт дар суханронии хеш қайд намуд, ки: “Намоишгоҳ-ярмаркаи имрӯза аз ҳамкории миёни деҳқонон ва соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ шаҳодат медиҳад. Он муносибатҳои тиҷоратиро миёни таъминкунандагони воситаҳои истеҳсолии кишоварзии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ густариш дода, ба афзоиш ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мусоидат менамояд. Билохира, ин намоишгоҳ маълумотнокии деҳқононро дар бораи дастрас будани маҳсулоти кишоварзии баландсифат дар вилояти Хатлон сайқал медиҳад”.

Дар чорабинии мазкур иштирокчиён ба муносибатҳои худ бо шарикони дохилӣ ва берунӣ тақвият бахшиданд. Деҳқонон ва таъминкунандагони маҳаллӣ роҳҳои нави баланд бардоштани сатҳи истеҳсолии маҳсулоти озуқаворӣ ва сифатнокии онро инчунин тарзи дарёфт намудани роҳи баромадро ба бозорҳои беруна аз худ намуданд. .

Худи ҳамон рӯз Сафир Эллиотт ва намояндагони расмии Дастгоҳи иҷроияи вилояти Хатлон дар маросими кушодашавии анбор бо дастгоҳҳои сардкунанда таҷҳизонидашуда, ки дорои қобилияти дар ҳолати сард нигоҳ доштани зиёда аз 400 тонна меваю сабзавот мебошанд, дар ноҳияи Бохтар ширкат варзиданд. Анбори нави сардкунанда, ки бо дастгирии молиявӣ ва техникии Ҳукумати ИМА сохта шудааст, метавонад зери истифодаи зиёда аз 300 деҳқонон, фурӯшандагони чакана ва корхонаҳои кишоварзӣ қарор гирад.

Ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири фардо”- иқдоми ҷаҳонии Ҳукумати ИМА оид ба мубориза бар зидди гӯруснагӣ ва таъминоти амнияти озуқаворӣ мебошад. Ташаббуси мазкур яке аз лоиҳаҳои сершуморе ба ҳисоб меравад, ки бо кӯмаки халки Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Аз соли 1992 инҷониб, мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона ҷиҳати дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоро ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.