Семинари ИА дар Бишкек оид ба рушди ҳунармандӣ

Барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) аввалин семинарро оиди тараққӣ додани ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаронад. Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, барои он ки иқтидори бозории худро пурра истифода бурда тавонистан ҳунармандон дар давоми 2 ҳафта маводҳои навро истифода аз усулҳои анъанавии қирғизӣ ва зебосозии аврупоии ҳозира замон эҷод мекунанд. Ин мақсади «Семинар оиди эҷод […]

ASIA-Plus



Барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) аввалин семинарро оиди тараққӣ додани ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон мегузаронад.

Бино ба иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, барои он ки иқтидори бозории худро пурра истифода бурда тавонистан ҳунармандон дар давоми 2 ҳафта маводҳои навро истифода аз усулҳои анъанавии қирғизӣ ва зебосозии аврупоии ҳозира замон эҷод мекунанд. Ин мақсади «Семинар оиди эҷод карданӣ маводи наве, ки ба бозори савдои боадолат нигаронидашуда» мебошад, дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” маблағгузаронӣ карда шудааст.

Семинар аз 1-ум то 14 сентябри соли 2014 дар Бишкек баргузор мегардад. Дар ин семинар 20 ҳунарманди перспективӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон дар 4 соҳаи муҳими ҳунармандӣ чун намад, кулолӣ, пӯст, гулдӯзӣ ва матоъ иштирок менамоянд. Омӯзиш мақсади амалӣ дошта, дар устохонаҳои чор ҳунарманди маҳаллӣ бо иштироки зебосоз аз Italian Creative Lab Whomade (

www.whomade.it

) гузаронида мешавад.

Дар давоми ҳафтаи якумин дар омӯзиш ҳамчун мутахассиси AltraQualità (

Home Altra Qualità



) иштирок менамояд. AltraQualità кооперативӣ савдои боадолат буда аз соли 2002 маҳсулотҳои ҳунармандиро ба бозорҳои Аврупо воридот мекунад. Whomade ва AltraQualità, ки фалсафаи кориашон ба ҳунармандон дар навоварӣ ва эҷодкуниҳои маводҳо бо риоякунии таърих ва анъана мусоидат менамояд. Ҳамкори бо ин ду ширкати аврупоӣ баъд аз анҷоми семинар идома дорад. Whomade ва AltraQualità то соли 2015 ба ҳунармандон дар эҷодкардани маҳсулотҳои нав ва ҷойгиркардани онҳоро дар бозорҳои Аврупо кӯмаки худро мерасонанд. Дар Душанбе (Тоҷикистон) соли 2015 ин ду шаркат семинари дуюминро баргузор менамоянд.

Семинар яке аз ташаббуси «Клуби Хизматии Бишкек» буда, барои хизматрасонӣ бо сифати баланд ба ҳунармандон ва мусоидат намудан ба бозори маҳаллӣ ва беруна баровардани маҳсулот ёри мерасонанд.

Лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат” дар давоми 2 сол амалӣ гашта, дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Осиёи Марказӣ – Инвест” маблағгузорӣ гардида, ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар рушти соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад.

Ташкилоти ғайритиҷоратии фонд Cesvi иҷрокунандаи асосии лоиҳа буда, инчунин маблағгузорӣ мекунад. Буҷаи ташкилот 590 000 евроро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.