Боздиди хайрбодии роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ аз ВКД



Имрӯз вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сардори  Намояндагии Хазинаи кудакони  Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Лайлӣ Мошириро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хонум Лайлӣ Моширӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакону ноболиғон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дар самти мазкур бо ноболиғону ҷавонон фаъолият менамояд.

Хонум Лайлӣ Моширӣ дар навбати худ изҳор намуд: «Ба наздикӣ фаъолияти ман ҳамчун сардори Намояндагии Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, бинобар ин мехоҳам бо арзи адаб ба Шумо барои таваҷҷӯҳи вежа зоҳир намудан ба ин самти муҳими ҷомеа – масоили кӯдакон ва ҳамкориҳои самаранок изҳори сипос намоям».

Гуфта мешавад, дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз густариш ёфтани ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное