Рӯзи 28-уми август аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи 13-уми комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои дуҷониба протокол ба имзо расид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар протокол зикр гардидааст, ки сарфи назар аз кори иҷрошуда дар ин давра, чанде аз бандҳои ҷаласаи 12-уми комиссия пурра иҷро нашудаанд ва аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дахлдори ҳарду ҷониб ҷиҳати анҷоми ин корҳо дастуру супориш дода шуд.
Дар протокол оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати муҳайё кардани шароити мусоид барои сармоягузории муштарак ва рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, табодули маълумот миёни Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳо, мусоидат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ҷиҳати таъсис корхонаҳои муштарак ва имзои қарордодҳо, густариши ҳамкориҳо миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Истгоҳҳи барқӣ» ва «НЭС Қирғизистон», баррасии имкони дар соли 2015 таъмин кардани транзити барқи Тоҷикистон ба Қазоқистон тариқи шабакаҳои барқи Қирғизистон, мувофиқасозии корҳо оид ба амалисозии лоиҳаи «CASA-1000», идомаи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба баррасӣ ва ҳалли масоили истифодаи захираҳои обӣ, муайян кардани иншоотҳои мавҷудаи Қирғизистон дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Қирғизистон, таъмини транзити бору мусофирон барои ҳарду ҷониб, аз ҷумла ташкили хатсайри мусофирбари автомобилии Хуҷанд-Ӯш ва Ӯш-Хуҷанд ва ғайра ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳову пешниҳод ва дастуру супоришҳо дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ба корҳои имзои протоколи тағйироту илова ба созишнома аз моҳи майи соли 2004 миёни кишварҳо дар бораи гузаргоҳҳои марзӣ, аз ҷумла ба гузаргоҳи «Қарамик» додани мақоми байнулмилалӣ суръат бахшида шавад.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар манотиқи наздимарзӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории муштарак, роҳандозии таҳсили донишҷӯёни ҳарду кишвар дар макотиби олӣ ва миёнаи касбии ҳарду ҷониб, ҳамкориҳо дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, кор бо ҷавонону сайёҳӣ, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон соли 2015 ва Қирғизистон дар Тоҷикистон соли 2016, густариши ҳамкориҳои минтақавӣ байни вилоятҳо, тезонидани корҳо оид ба мувофиқасозии лоиҳаҳои дуҷонибаи қарордодҳои байнулмтлалии мавриди таҳия қарордошта низ ба созиш расиданд.
Комиссия тасмим гирифт, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои дуҷониба дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.



