Ҳакимов: Эҳтимоли ҷалби шаҳрвандони кирояи тоҷик ба низоъ дар Украина бузург аст



Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов дар робита ба рӯйдодҳои ахири Украина ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки эҳтимоли ҷалби шаҳрвандони кирояи тоҷик ба низоъи мусаллаҳона дар Украина бузург аст.

Ҳуқуқшинос бар ин назар аст, ки сатҳи пасти зиндагии аксари аҳолии кишвар ва бекорӣ  метавонанд гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ивази пардохти маблағ аз ҷониби доираҳои манфиатдори Русия ва Украина, ба иштирок бо яроқ дар даст дар низоъи мусаллаҳонаи шарқи Украина таҳрик бидиҳанд.

«Имрӯз муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия, ки шуморашон беш аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад, барои ҷалб ба низоъи Украина осебпазиранд ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ бо ҳимоя таъмин набудани онҳо ба ин мусоидат мекунад», – иброз дошт Ш.Ҳакимов.

Муовини раиси ҲСДТ мутмаин аст, ки муҳоҷиронро баҳри иштирок дар муноқишаи Украина ҳам доираҳои муайяни Украина ва ҳам Русия сафарбар карда метавонанд.

Ӯ зикр кард, ки аз мавқеъи имрӯзаи ҳукумати расмии Тоҷикистон нисбати буҳрони Украина комилан ҷонибдорӣ мекунад.

«Ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ миёни Тоҷикистону Украина муносиботи ҳамкориву дӯстона роҳандозӣ шудааст ва ҳукумати моро зарур аст, ки онҳоро гиромӣ», – афзуд Шокирҷон Ҳакимов.

spot_imgspot_img

Популярное