Боздошти сокини Мастчоҳ бо ҳудуди 15 кило героин



Зимни баргузории тадбирҳои махсус аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳудуди 15 кило маводи сахттаъсири нашъаовари героин мусодира гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳангоми кофтукови автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2121» таҳти идораи сокини 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ Худойдод Комилов кормандони милиса беш аз 14,6 кило маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира намудаанд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

spot_imgspot_img

Популярное