Коршиноси бахши энергетика Мирзошариф Исломиддинов бар ин назар аст, ки ба Тоҷикистон истеҳсоли ҳарчи зудтари барқ дар нерӯгоҳи Роғун зарур аст.
Ӯ зикр кард, ки то ахири соли равон бо мақсади бунёди сарбанди обанбори нерӯгоҳи Роғун бастани маҷрои дарёи Вахш зарур буда, ҳамзамон насби ду гидроагрегати мавҷудаи нерӯгоҳро мебояд оғоз намуд.
М.Исломиддинов таъкид дошт, ки барои бастани маҷрои рӯдхона ва насби ду гидроагрегат воситаҳои зиёд зарур нестанд ва истеҳсоли барқ дар ин агрегатҳо дар мавсими зимистон ба таври қобили мулоҳиза камбуди нерӯи барқ дар кишварро коҳиш медиҳад, ки шабонарӯзӣ 12-14 млн. кВт/соат арзёбӣ мешавад.
Ба гуфтаи коршинос, Тоҷикистон барои анҷоми пурраи сохтмони ин иншоот воситаҳои кофӣ надорад. «Аз ин рӯ, ҷиҳати идомаи сохтмони нерӯгоҳ бо кишварҳои ҳамсоя мебояд забон ёфт ва минбаъд онро ҳамроҳ истифода намуд», – иброз дошт ӯ.
Дар идома коршинос қайд кард, ки мебояд муносибатҳои дӯстонаи ҳамҷаворӣ бо Ӯзбекистонро барқарор кард ва сари масъалаи истифодаи муштараки захираҳои гидроэнергеткии рӯдхонаҳои Тоҷикистон андеша намуд. «Ҳамкории барои тарафайн судманд дар ин масъала барои минбаъд таъмин кардани амнияти энергетикии кишварҳо зарур аст», – афзуд номбурда.



