Оғози сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Ворух

Date:



Дар Исфара имрӯз бо иштироки муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев ба сохтмони роҳи мошингарди Исфара – Ворух, ки ҷамоати Тоҷикистонро аз ҷазирақаламрав берун меорад, ҳусни оғоз бахшида шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар маросими оғози бунёди роҳи нави мошингарди Исфара – Ворух (бидуни убури деҳаи Оқсойи Қирғизистон) ҳамчунин ёвари президенти ҶТ оид ба масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, роҳбарони ноҳияҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсоя ва шахсони бонуфузу рӯзгордида аз ҳарду ҷониб низ ҳузур доштанд.

«Ҳамзамон ҷониби Қирғизистон низ сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой (бидуни убури деҳаи Тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон)-ро низ шурӯъ кард», – иброз дошт манбаъ.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳалли мушкилоти марбут ба сохтмони роҳҳо ба муноқишаҳои доимӣ дар марзи ҳарду кишвар хотима хоҳад бахшид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...