– Беларус ҷиддан ният дорад, ки мақоми худ дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро то кишвари нозир боло барад, – изҳор дошт зимни кори мизи гирди рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар Душанбе сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук.
Сафир қайд кард, ки айни замон Беларус дорои мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ аст ва «мо ҷиддӣ ният дорем, ки мақоми худро то сатҳи кишвари нозир дар созмон боло барем».
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ доир мегардад.
Қобили зикр аст, ки Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, айни замон ба ҳайати он Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Эрон, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон мақоми кишвари нозир ва Беларусу Шри-Лака ва Туркия шарикон оид ба муколамаи СҲШ мебошанд.


