Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати тоҷики дар даргириҳои Сурия ҳузурдошта

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати шаҳрванди кишвар Фаррухҷон Боронов, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия иштирок дорад, парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ муайян кардаанд, ки сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб Фаррухҷон Боронов айни замон дар амалиёти ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад иштирок мекунад. «Ӯ ҳангоми дар […]



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати шаҳрванди кишвар Фаррухҷон Боронов, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия иштирок дорад, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ муайян кардаанд, ки сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб Фаррухҷон Боронов айни замон дар амалиёти ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад иштирок мекунад.

«Ӯ ҳангоми дар Русия қарор доштанаш, бо мақсади дар роҳи ислом ҷиҳод намудан аз он ҷо ба Сурия рафта, ба ҳайати ташкилотҳои террористӣ дохил шудааст», – омадааст дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия меҷанганд, маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест. Аксарият ба маълумоти муфтии суриягӣ Аҳмад Бадриддин Хассун ишора мекунанд, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафҳои ошӯбгарон 190 нафар арёзёбӣ карда буд.

Сарчашмаҳои расмӣ дар Душанбе ин маълумотро тасдиқ ҳам накарданду инкор ҳам.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.