Беларус мақомаш дар СҲШ-ро болотар бурданист

– Беларус ҷиддан ният дорад, ки мақоми худ дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро то кишвари нозир боло барад, – изҳор дошт зимни кори мизи гирди рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар Душанбе сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук. Сафир қайд кард, ки айни замон Беларус дорои мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ аст ва «мо ҷиддӣ […]



– Беларус ҷиддан ният дорад, ки мақоми худ дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро то кишвари нозир боло барад, – изҳор дошт зимни кори мизи гирди рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта дар Душанбе сафири Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук.

Сафир қайд кард, ки айни замон Беларус дорои мақоми шарик оид ба муколамаи СҲШ аст ва «мо ҷиддӣ ният дорем, ки мақоми худро то сатҳи кишвари нозир дар созмон боло барем».

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 11-12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, айни замон ба ҳайати он Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Эрон, Муғулистон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон мақоми кишвари нозир ва Беларусу Шри-Лака ва Туркия шарикон оид ба муколамаи СҲШ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.