Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар мубориза алайҳи маводи мухаддир

Ахири ҳафтаи равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ полковники х.н.м.н. Ҳалимҷон Маҳмудзода бо Мудири кулли умури байналмилалии Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Маҳмуди Баёт баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Агентии назорати […]



Ахири ҳафтаи равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии муовини Директори Агентӣ полковники х.н.м.н. Ҳалимҷон Маҳмудзода бо Мудири кулли умури байналмилалии Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Маҳмуди Баёт баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Ситоди мубориза бар зидди маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ гардиданд.

Инчунин масъалаи кушодани ҷиноятҳои вобаста бо паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ муҳокима гардид. Тарафҳо қайд намуданд, ки ин  амалҳои номатлуб ҷомеаро бетараф монда наметавонанд, чунки маводи нашъаовари синтетикӣ асосан дар муассисаҳои дилхушӣ дар байни ҷавонон паҳн карда мешаванд, ва оқибат ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонанд. 

Ба иттили манбаъ, полковник Маҳмудзода Ҳ. қайд намуд, ки танҳо дар соли ҷорӣ аз тарафи кормандони Агентӣ якчанд ҷинояти вобаста ба паҳн намудани маводи нашъаовари синтетикӣ пешгирӣ карда шуд ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки бо интиқоли маводи нашъаовари синтетикӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ машғул буданд, дастгир карда шуданд.     

Гуфта мешавад, дар нутқи ҷавобии худ ҷаноби Баёт муовини Директорро барои ҳамкорӣ арзи сипос кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.