Ифтитоҳи меҳмонхонаи «Sheraton» дар Душанбе

Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» ба истифода дода мешавад. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Дар робита ба ин Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки аз соати 17-00 то 18-00-и имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт […]



Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» ба истифода дода мешавад.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Дар робита ба ин Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки аз соати 17-00 то 18-00-и имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз гузаргоҳи Рӯдакӣ – Шотемур дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ то маҳаллаи Ховарон маҳдуд карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони меҳмонхонаи «Sheraton» соли 2005 дар кӯчаи Айнӣ, дар макони собиқ бемористони амрози сироятии шаҳрӣ оғоз гардид. Он аз ҷониби ширкати «CHL International» Ҳиндустон дар майдони 24,440 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Меҳмонхонаи «Sheraton» аз 15 ошёна, аз ҷумла ду ошёнаи зеризаминӣ иборат буда, барои бунёди он 55 млн. доллари ИМА харҷ шудааст.

Меҳмонхона барои қабули 179 нафар меҳмонон бо 147 ҳуҷраи зист, аз ҷумла 1 ошёнаи президентӣ, 3 тарабхона, 2 толори ҷашну қабул, ҳавзҳои оббозӣ (бассейнҳо), саунаҳо ва  қаҳвахонаҳои гуногун муҷаҳҳаз аст.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.