Нашри китоби олимони тоҷики бахши минералогия дар Туркия

Дар нашриёти туркии «Мега – Бесим» китоби олимони маъруфи бахши минералогияи Тоҷикистон ба чоп расид. Яке аз муаллифони ин китоб муовини директори КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) Шералӣ Кабиров мебошад. Дар китоби мазкур оид ба чанде аз конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон маълумот дода шуда, як қисмати конҳо ва зуҳуроти бузурги маъданӣ тасвир ёфтаанд, ки ба […]



Дар нашриёти туркии «Мега – Бесим» китоби олимони маъруфи бахши минералогияи Тоҷикистон ба чоп расид. Яке аз муаллифони ин китоб муовини директори КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) Шералӣ Кабиров мебошад.

Дар китоби мазкур оид ба чанде аз конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон маълумот дода шуда, як қисмати конҳо ва зуҳуроти бузурги маъданӣ тасвир ёфтаанд, ки ба сифати заминаи ашёи хоми имконпазир барои рушди бахшҳои саноати маъдани кӯҳӣ, кимиё, металлургӣ ва сохтмон истифода шуда метавонанд.

Дар ин кори илмӣ дар бораи канданиҳои фоиданок дар чор минтақаи бузурги ҷуғрофиву иқтисодӣ – Тоҷикистони Шимолӣ, водии Зарафшон, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон маълумот оварда шудааст.

Китоби мазкурро метавон ҳамчунин ба сифати маълумотнома оид ба навъҳои гуногуни ашёи хоми минералӣ дар Тоҷикистон истифода намуд. Дар он бобати чанде аз навъҳои маъдан, ки кашф шудаанд ё дар марҳилаи иктишофи геологӣ қарор дошта, захираҳои саноатӣ доранду барои рушди иқтисоди кишвар аз аҳамият холӣ нестанд ва ҳамчунин конҳои мавриди иктишоф қарордошта маълумоти муфид гирдоварӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.