У.Давлатзод: Аз нисф зиёди муомилоти моли Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ рост меояд

– Аз нисф зиёди ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)  рост меояд, – изҳор намуд зимни кори мизи гирд дар шаҳри Душанбе муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод. Муовини вазир қайд кард, ки дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақши Созмони ҳамкории […]



– Аз нисф зиёди ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)  рост меояд, – изҳор намуд зимни кори мизи гирд дар шаҳри Душанбе муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод.

Муовини вазир қайд кард, ки дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақши Созмони ҳамкории Шанхай назаррас аст.

«Тайи 6 моҳи соли 2014 аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз нисф зиёдаш маҳз ба панҷ кишвари узви СҲШ рост омад ва ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо беш аз 150 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом медиҳад, яъне 50% аллакай ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд. Ин ба то кадом андоза муҳим будани нақши созмон дар рушди иҷтиммоиву иқтисодии кишвари мо гувоҳӣ медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли 2014 Тоҷикистон бо 86 кишвари саросари ҷаҳон, аз ҷумла 10 кишвари узви ИДМ ва 76 давлати хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом дода, ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ҳудуди 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА-и он ба панҷ кишвари узви СҲШ рост омадааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.