Пӯшидани домани дароз ба донишҷӯдухтарон манъ шуд?

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба дурустии симои зоҳирии донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ин дафъа ба донишҷӯдухтарон пӯшидани доман (юбка) ва куртаҳои дароз манъ шудааст. Рӯзи дуюм аст, ки раҳбарияти донишгоҳ ба донишҷӯдухтарон ҳозир шудан ба машғулиятҳо бо куртаҳои дароз, доман ва шимҳои васеъро манъ мекунад. Рӯзи панҷшанбе кормандони бинои асосии ДМТ донишҷӯдухтаронро дар […]



Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) ба дурустии симои зоҳирии донишҷӯён таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ин дафъа ба донишҷӯдухтарон пӯшидани доман (юбка) ва куртаҳои дароз манъ шудааст.

Рӯзи дуюм аст, ки раҳбарияти донишгоҳ ба донишҷӯдухтарон ҳозир шудан ба машғулиятҳо бо куртаҳои дароз, доман ва шимҳои васеъро манъ мекунад.

Рӯзи панҷшанбе кормандони бинои асосии ДМТ донишҷӯдухтаронро дар даромадгоҳи бино пешвоз гирифта, хабар додаанд, ки онҳо ба машғулиятҳо бояд танҳо бо доманҳои аврупоӣ ё куртаҳои дарозиашон мувофиқ ба муассисаҳои корӣ, яъне каме поинтар аз зону ва ё куртаҳои миллӣ ҳозир шаванд.

Донишҷӯдухтарони донишгоҳ бошанд, аз он дар ҳайратанд, ки то ин дам дар донишгоҳ меъёри муайяне оид ба сарулибос вуҷуд надошт.

Донишҷӯи ДМТ Шаҳноза ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ҳамон рӯз муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва муовинони деканҳои панҷ факулта дар назди даромадгоҳ аз ӯ дархост крадаанд, ки дигар бо куртаи дароз ба дарс наояд. «Ба ман гуфтанд, ки мо дар Туркия нестем, ки куртаҳои дароз ба бар кунем», – гуфт ӯ.

Донишҷӯдухтари дигар Ҳангома мегӯяд, ӯро низ огоҳ кардаанд, ки ба донишгоҳ дигар бо домани дароз наояд. «Онҳо ҳатто нафаҳмониданд, ки бо кадом асос ман ба дарс бо домани дароз ё шими васеъ наоям. Қаблан ба сарпӯш, шими маъмулӣ ва куртаву доманҳои кӯтоҳ эрод мегирифтанд, ҳозир бошад, пӯшидани доман ва куратҳои дарозро манъ мекунанд. Пас мо чӣ ба бар кунем?», – таа

ҷ

ҷуб мекунад донишҷӯдухтар.

Дар мавриди ин мас

ъала ба мо муяссар нагардид, ки аз раҳбарияти ДМТ шарҳ бигирем, зеро қариб ҳамаи кормандон ба корҳои омодагӣ ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ банд будаанд. Дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ низ аз шарҳи чунин қарори ректори Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ худдорӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.