Омодагирии ҲАТ ба маъракаи интихоботии навбатӣ

Барои иштирок дар интихоботи навбатӣ, ки моҳи феврали соли 2015 баргузор мегардад, Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бештар намудааст. Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ҲАТ,  Рустам Латифзода, иҷрокунандаи раиси ҳизб, барои муайянсозии нақшаҳои амал ва фаъолсозии бахшҳои дар маҳалбудаи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида […]



Барои иштирок дар интихоботи навбатӣ, ки моҳи феврали соли 2015 баргузор мегардад, Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бештар намудааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ҲАТ,  Рустам Латифзода, иҷрокунандаи раиси ҳизб, барои муайянсозии нақшаҳои амал ва фаъолсозии бахшҳои дар маҳалбудаи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида истодааст.

«Ҳамчунин, Сафаров Зайниддин, намояндаи ҳизби ҲАТ дар парлумони кишвар, зимни  сафари кориаш дар водии Рашт бо роҳбарони бахшҳо ва фаъолони ҳизбии ин минтақа вохӯриҳо доир намуд, ки мМақсади асосии ин вохӯриҳо омодагирии комил ба интихоботи қарибулвуқӯъ дар ҳама сатҳҳои мақомоти намояндагӣ, мушаххас сохтани самтҳои фаъолият ва вазифаҳои аввалиндараҷа вобаста ба ин маъракаи сиёсӣ мебошад», – хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳизб

Гуфта мешавад, тамоми аъзои кумитаи марказӣ ва раисони бахшҳои ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ, фаҳмонидани максадҳои барномавии ҳизб ва омодагӣ ба интихоботи навбатӣ аз тарафи раёсати ҲАТ дастурҳои дахлдор гирифтаанд. 

Зимнан зикр мегардад, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар интихоботи февралӣ шумораи аъзоёни худро, сар карда аз маҷлисони ҷамоат то маҷлисҳои вакилони ноҳия, шаҳр, вилоят ва парлумони мамлакат бештар  намояд

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.