Ҷамъбасти озмуни «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол»

Нимаи ҳафтаи равон дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2014, ки ба  «Рӯзи китоб»  бахшида шуда буд, баргузор гашт. Бино ба маълумоти МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати мазкур, чорабиниро нахуст муовини аввали Вазири […]



Нимаи ҳафтаи равон дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2014, ки ба  «Рӯзи китоб»  бахшида шуда буд, баргузор гашт.

Бино ба маълумоти МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати мазкур, чорабиниро нахуст муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Буриев Неъматҷон ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринрро хайрамақдам гуфт.

Ӯ дар суханронияш доир ба гузаронидани озмуни мазкур маълумоти муфассал дода аз он ҷумла қайд намуд. «…Озмуни мазкур  бори аввал дар ҷумҳурӣ аз рӯи ҳар се номинатсия ташкил карда шуд, ки мақсади асосии  озмун ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад».

Дар чорабинӣ як қатор роҳбарони вазорату идораҳо, кумитаҳо, муассисаҳои давлатӣ  ва иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.

Дар асоси қарори Ҳакамони Озмун,  барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи китобдорӣ, китобдорон ва китобхонаҳо саросари кишвар  аз рӯи номинатсияҳои «Китобдори сол» ва «Китобхонаи сол» бо «Дипломи махсус» сарфароз гардонида шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.