Ба беш аз 300 табиби тоҷик рамзгузории бемориҳо омӯзонида мешавад

Лоиҳаи «Кумаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар омӯзонидани 320 нафар табибони муассисаҳои тиббӣ, оиди рамзгузории сабабҳои беморӣ ва фавт тибқи системаи Таснифоти байналмилалии бемориҳо ва масъалаҳои ҳалталаби бо саломатӣ алоқаманд, боздиди-10 (МКБ-10), дастгирӣ […]



Лоиҳаи «Кумаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар омӯзонидани 320 нафар табибони муассисаҳои тиббӣ, оиди рамзгузории сабабҳои беморӣ ва фавт тибқи системаи Таснифоти байналмилалии бемориҳо ва масъалаҳои ҳалталаби бо саломатӣ алоқаманд, боздиди-10 (МКБ-10), дастгирӣ менамояд.

Бино ба маълумоти намояндагии Иттиҳоди Аврпо дар ҶТ, давраи омӯзишӣ 19 августи соли 2014 оғоз гардид. Айни ҳол, он дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ аз тарафи мутухассисони Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттиллоти тиббӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳадафи асосии Лоиҳа, мустаҳкамгардонии системаи идоракунии соҳа буда, он аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идораи сабти асноди шаҳрвандӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад. Система имконият медиҳад, ки тамоми иттилоот оиди вазъи солимии аҳолӣ саривақт ҷамъ ва таҳлил гардида, барои хулосабарорӣ истифода бурда шавад.

Таҳия, барқарорсозӣ ва пайвасти системаи иттилоотии DHIS2 дар серверҳои марказӣ ҷойгир карда шудаанд. Муассисаҳои тиббӣ ва шӯъбаҳои сабти асноди 65 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷҳизоти компютерӣ ҷиҳозонида шудаанд. Айни ҳол, муассисаҳои 50 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо серверҳои марказӣ пайваст шуда, ворид намудани иттилоот дар реҷаи он-лайн дар ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ суръат гирифта аст. Оиди ворид намудани иттилоот тибқи системаи электронии DHIS2, 400 мутахассиси муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонида шудаанд.

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Кӯмаки техникӣ оид ба мустаҳкамгардонии тартиби иттилоотии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо буҷаи 3,4 миллион евро, системаи электронии ҳисоботиро дар реҷаи он-лайн дар сатҳи миллӣ татбиқ гардонида истодааст ва то моҳи маи соли 2016 фаъолият менамояд. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо консорсиуми ширкатҳои EPOS Health Management (Олмон), ICON-Institute Public Sector (Олмон) бо иштироки Донишгоҳи шаҳри Осло (Норвегия) ва ширкати IrfatC (Тоҷикистон) амалӣ мегардад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.