Ҷилавгирӣ аз фурӯши телефонҳои қочоқӣ дар бозори «Корвон»

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар амборҳои (контейнер)-ҳои нуқтаҳои савдо, ки ба соҳибкорон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Мингксинг, соли таваллуд 1985 ва Лин Ру, соли таваллуд 1985, таалуқ дошт, муоинаи гумрукӣ […]



Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар ҳудуди ҶДММ «Бозори Корвон», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар амборҳои (контейнер)-ҳои нуқтаҳои савдо, ки ба соҳибкорон, шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Мингксинг, соли таваллуд 1985 ва Лин Ру, соли таваллуд 1985, таалуқ дошт, муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, муайян гардидааст, ки дар дохили контейнерҳо телефонҳои тамғаҳои гуногуни истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии Хитой мавҷуд буда, дар маҷмуъ 4558-ададро ташкил додаанд. Номбурдагон ғайриқонунӣ бидуни барасмиятдарории гумрукӣ телефонҳои мобилиро ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, ба фуруш баровардаанд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой Чен Мингксинг ва Лин Ру парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.