Ифтитоҳи меҳмонхонаи «Sheraton» дар Душанбе

Date:



Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе меҳмонхонаи панҷситорадори «Sheraton» ба истифода дода мешавад.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Дар робита ба ин Раёсати Бозрасии давлатии автомобили ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки аз соати 17-00 то 18-00-и имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз гузаргоҳи Рӯдакӣ – Шотемур дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ то маҳаллаи Ховарон маҳдуд карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, сохтмони меҳмонхонаи «Sheraton» соли 2005 дар кӯчаи Айнӣ, дар макони собиқ бемористони амрози сироятии шаҳрӣ оғоз гардид. Он аз ҷониби ширкати «CHL International» Ҳиндустон дар майдони 24,440 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Меҳмонхонаи «Sheraton» аз 15 ошёна, аз ҷумла ду ошёнаи зеризаминӣ иборат буда, барои бунёди он 55 млн. доллари ИМА харҷ шудааст.

Меҳмонхона барои қабули 179 нафар меҳмонон бо 147 ҳуҷраи зист, аз ҷумла 1 ошёнаи президентӣ, 3 тарабхона, 2 толори ҷашну қабул, ҳавзҳои оббозӣ (бассейнҳо), саунаҳо ва  қаҳвахонаҳои гуногун муҷаҳҳаз аст.   

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...