Нашри китоби олимони тоҷики бахши минералогия дар Туркия

Date:



Дар нашриёти туркии «Мега – Бесим» китоби олимони маъруфи бахши минералогияи Тоҷикистон ба чоп расид. Яке аз муаллифони ин китоб муовини директори КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) Шералӣ Кабиров мебошад.

Дар китоби мазкур оид ба чанде аз конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон маълумот дода шуда, як қисмати конҳо ва зуҳуроти бузурги маъданӣ тасвир ёфтаанд, ки ба сифати заминаи ашёи хоми имконпазир барои рушди бахшҳои саноати маъдани кӯҳӣ, кимиё, металлургӣ ва сохтмон истифода шуда метавонанд.

Дар ин кори илмӣ дар бораи канданиҳои фоиданок дар чор минтақаи бузурги ҷуғрофиву иқтисодӣ – Тоҷикистони Шимолӣ, водии Зарафшон, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон маълумот оварда шудааст.

Китоби мазкурро метавон ҳамчунин ба сифати маълумотнома оид ба навъҳои гуногуни ашёи хоми минералӣ дар Тоҷикистон истифода намуд. Дар он бобати чанде аз навъҳои маъдан, ки кашф шудаанд ё дар марҳилаи иктишофи геологӣ қарор дошта, захираҳои саноатӣ доранду барои рушди иқтисоди кишвар аз аҳамият холӣ нестанд ва ҳамчунин конҳои мавриди иктишоф қарордошта маълумоти муфид гирдоварӣ шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...