Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати тоҷики дар даргириҳои Сурия ҳузурдошта

Date:



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нисбати шаҳрванди кишвар Фаррухҷон Боронов, ки дар амалиёти ҷангӣ дар Сурия иштирок дорад, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ муайян кардаанд, ки сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб Фаррухҷон Боронов айни замон дар амалиёти ҷангӣ алайҳи ҳукумати Башор Асад иштирок мекунад.

«Ӯ ҳангоми дар Русия қарор доштанаш, бо мақсади дар роҳи ислом ҷиҳод намудан аз он ҷо ба Сурия рафта, ба ҳайати ташкилотҳои террористӣ дохил шудааст», – омадааст дар хабари Вазорати корҳои дохилӣ.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия меҷанганд, маълумоти саҳеҳ мавҷуд нест. Аксарият ба маълумоти муфтии суриягӣ Аҳмад Бадриддин Хассун ишора мекунанд, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сафҳои ошӯбгарон 190 нафар арёзёбӣ карда буд.

Сарчашмаҳои расмӣ дар Душанбе ин маълумотро тасдиқ ҳам накарданду инкор ҳам.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...