– Аз нисф зиёди ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) рост меояд, – изҳор намуд зимни кори мизи гирд дар шаҳри Душанбе муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод.
Муовини вазир қайд кард, ки дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон нақши Созмони ҳамкории Шанхай назаррас аст.
«Тайи 6 моҳи соли 2014 аз ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз нисф зиёдаш маҳз ба панҷ кишвари узви СҲШ рост омад ва ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо беш аз 150 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом медиҳад, яъне 50% аллакай ба кишварҳои узви СҲШ рост меояд. Ин ба то кадом андоза муҳим будани нақши созмон дар рушди иҷтиммоиву иқтисодии кишвари мо гувоҳӣ медиҳад», – иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-июни соли 2014 Тоҷикистон бо 86 кишвари саросари ҷаҳон, аз ҷумла 10 кишвари узви ИДМ ва 76 давлати хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом дода, ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ҳудуди 2,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА-и он ба панҷ кишвари узви СҲШ рост омадааст.


