37 млн. сомонӣ ба сохтмони меҳмонхонаи навбатии панҷситорадор дар Душанбе

Date:



Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи поёнии парлумон аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи содиротӣ озод кардани воридоти таҷҳизот барои сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахтро пешниҳод намуд.

Муовини раиси Кумитаи молия ва иқтисоди МНМО ҶТ Сафаралӣ Гулов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маблағи умумии аз ин пардохтҳо озодшуда 7 млн. 627 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вакил таъкид намуд, ки соли гузашта низ воридоти таҷҳизот барои сохтмони ин иншоот  аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи содиротӣ озод шуда буд, вале соли 2013 воридоти таҷҳизот сурат нагирифтааст.

Ба гуфтаи як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, фармоишгари сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» дар хиёбони Рӯдакии пойтахт Дастгоҳи иҷроияи президенти мамлакат аст ва ҷиҳати сохтмони он ҷудо шудани ҳудуди 37 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ дар назар аст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...