Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон то имрӯз ҳудуди 28 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 7%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон асосан дар минтақаи ҷануби кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қумсангир, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисору шаҳри Турсунзода беш аз 82 ҳазор нафар ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд.
Қобили зикр аст, ки имсол дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоарии ҳосили пунбаданоа аввали даҳаи сеюми моҳи август оғоз гардид. Дар робита ба вазъи иқлим ҷамъоварии ҳосил дар вилояти Суғд дертар шурӯъ мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 177 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.
Соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.



