Ҷамъоварии ҳудуди 28 ҳазор тонна ҳосили пахта дар Тоҷикистон

Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон то имрӯз ҳудуди 28 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 7%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон асосан дар минтақаи ҷануби кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қумсангир, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисору шаҳри […]

Пайрав Чоршанбиев



Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон то имрӯз ҳудуди 28 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 7%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон асосан дар минтақаи ҷануби кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қумсангир, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҳисору шаҳри Турсунзода беш аз 82 ҳазор нафар ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд.

Қобили зикр аст, ки имсол дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоарии ҳосили пунбаданоа аввали даҳаи сеюми моҳи август оғоз гардид.  Дар робита ба вазъи иқлим ҷамъоварии ҳосил дар вилояти Суғд дертар шурӯъ мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 177 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст.

Соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.