Боздиди ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин аз ВКД Тоҷикистон

Рӯзи 9-уми сентябри соли 2014 ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии ин кишвар ҷаноби Лю Янпи ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Бино ба иттилои маркази матуботи ВКД Тоҷикистон, меҳмононро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ […]



Рӯзи 9-уми сентябри соли 2014 ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо роҳбарии муовини Вазири бехатарии ҷамъиятии ин кишвар ҷаноби Лю Янпи ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Бино ба иттилои маркази матуботи ВКД Тоҷикистон, меҳмононро вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ба туфайли кӯшишҳои роҳбарияти ду кишвар, ҳамчунин роҳбарияти Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва бехатарии ҷамъиятии Чин муносибатҳои дӯстонаи тарафайн густариш ёфта, хусусан ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва сепаратизм тақвият меёбанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои дуҷонибаро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, хатару таҳдидҳои ҷаҳони имрӯз боз ҳам пурзӯр намояд.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ намуданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе баҳри боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.