Имзои як қатор аснод аз рӯи натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:



Аз рӯи натиҷаҳои нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе як қатор аснод ба имзо расид.

Аз ҷумла, Эъломияи Душанбегии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, қабул шуда, қарорҳои сарони кишварҳои узви СҲШ дар бораи меморандуми намунавии уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон, тасдиқи тартиби додани мақоми кишвари узви СҲШ, лоиҳаи Стратегияи рушди созмон то соли 2025, таҷлили ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бзурги Ватанӣ, тасдиқи муқаррароти рамзҳои СҲШ, тасдиқи маърӯзаҳои Дабири кулли СҲШ, Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ва фаъолияти ин сохтор дар соли 2013 ба тасвиб расиданд.

Ғайр аз ин, миёни ҳукуматҳои кишварҳои узви созмон дар бораи фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамлу нақли байнулмилалии автомобилӣ низ созишнома ба имзо расид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар ин назар аст, ки нишасти СҲШ дар фазои созанда доир гардид. Зимни суханронӣ дар брифинг назди журналистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар кори нишаст сарони кишварҳои узви СҲШ, роҳбарони ҳайатҳо, меҳмонони фахрӣ, намояндагони як қатор созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ ширкат варзиданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори миннатдорӣ ба ҳамаи ҳозирин барои иштирокашон дар кори нишаст қайд кард: «Миёни мо баъзе масъалаҳои муҳиму ошкор оид ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар доираи созмон, мушкилоти рӯзмарраи дорои хусусияти минақавӣ ҳалношуда боқӣ мемонанд, вале қарори қабулшуда аз ҷониби мо оид  тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ дар таҳрири нав дар таърихи созмон саҳифаи нав боз кард».

Сарвари давлати Тоҷикистон мутмаин аст, ки боз як ҳадафи муҳими СҲШ таҳкими нуфузи созмон дар арсаи байнулмилалӣ аст, ки сол то сол мартабааш боло меравад. «Ҳамаи ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки имконоти СҲШ хеле бузург аст ва вазифаи умумии мо истифодаи судманди он барои ҳамаи ҷонибҳо аст», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...