Аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ номгӯи хуроки мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» такмил дода шуд.
Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, номгӯи ғизо бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои мусофирон таҳия гардида, хӯрокҳое, ки барои мусофирон пешниҳод мегардад ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар карда шудааст.
«Ғизои пешниҳодшударо ҳайати комиссияи чошнигирӣ, роҳбарияти ширкат ва чанде аз ҳамкорони ширкат, ки бо ғизо сару кор доранд, санҷиданд. Муҳим он аст, ки миёни мусофирон дар рейсҳои қаблӣ назарпурсӣ гузаронида, бобати интихоби ғизо фикру мулоҳизаҳои онҳо ба эътибор гирифта шуд», – иброз дошт ӯ.
Ба қавли вай, аз рӯйи хулосаи назарпурсӣ дар парвозҳои ибтидои моҳи сентябр, маълум гардид, ки ғизои нав таҳияшуда ба мусофирони ҳамаи дараҷаҳо мақбул омадааст.
«Вобаста ба тағйири навъҳои ғизо хароҷот низ афзудааст, аммо ба нархи пештараи билетҳо тағйирот ворид нагардидааст. Барои мисол, хароҷоти якмоҳаи ширкат дар бахши ғизо алъон 323 280 долларро ташкил медиҳад, дар гузашта хароҷоти якмоҳа ба 265 106 доллар баробар буд. Хароҷоти яксола бошад ба 3 879 360 доллар баробар аст», – шарҳ дод номбурда.
М.Шодиев ҳамчунин зикр кард, ки ба номгӯи хӯрокҳо мурғи обпазшуда бо биринҷ, гӯшти дамдодашуда бо картошка, нӯшобаи «Добрый», хӯришҳои сабзавотӣ, гӯштӣ, равғани маска, мураббо, панири обкардашуда, майонез, қаҳва, шакар, қаймоқ ва карамел илова гардидааст.



