Буҷети Тоҷикистон дар соли оянда – беш аз 15 млрд. сомонӣ

Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ корҳои таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 идома доранд. Тавре аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, тибқи маълумоти пешакӣ, қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда дар ҳаҷми 15 млрд. 112,5 млн. сомонӣ пешгӯӣ мешавад, ки ба андозаи 8,7% аз ҳаҷми буҷети соли равон зиёдтар аст. Қисмати хароҷоти буҷети […]

Заррина Эргашева



Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ корҳои таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 идома доранд.

Тавре аз Вазорати молияи ҶТ хабар доданд, тибқи маълумоти пешакӣ, қисмати даромади буҷети давлатӣ барои соли оянда дар ҳаҷми 15 млрд. 112,5 млн. сомонӣ пешгӯӣ мешавад, ки ба андозаи 8,7% аз ҳаҷми буҷети соли равон зиёдтар аст.

Қисмати хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли оянда дар ҳаҷми 15 млрд. 376,6 млн. сомонӣ пешбинӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, чун солҳои қаблӣ қисмати асосии буҷет ба бахши иҷтимоӣ равона мегардад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2015 дар ҳаҷми 52 млрд. 821 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар назар аст, ки даромади буҷет бидуни назардошти бурсҳо 12 млрд. 550 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 11,5 млрд. сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои андоз ворид мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014 дар ҳаҷми 13 млрд. 901 млн. 26 ҳазор сомонӣ тасдиқ шуда, даромади буҷет аз ҳисоби пардохтҳои андоз, ғайриандозӣ ва бурсҳо 11 млрд. 195 млн. 530 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.