Мутобиқи регламенти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, аз 15 то 25-уми сентябр вакилони палатаи поёнии парлумон дар тамоми манотиқи кишвар бо интихобкунандагони худ вохӯриҳо мегузаронанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон иттилоъ дод, намояндагони ммардумӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти инихобкунандагон дар минтақаҳо аз наздик ошно мегарданд. Вакилон ҳамчунин ба интихобкунадагони худ аз фаъолияташон дар парлумон ва корҳои иҷрошуда оид ба амалисозии барномаҳои пешазинтихоботиашон маълумот медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии пардлумони кишвар Исмоил Талбаков, зимни сафар вакилони коммунист ҳамчунин бо омодагии бахшҳои маҳаллии ҳизб ба интихоти парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар моҳи феврали соли 2015 низ шинос мешаванд.
«Ғайр аз ин, мо ният дорем, ки афкори ҷомеа оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳоро омӯхта, ба таври хулоса онҳоро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кунем», – қайд кард Талбаков.


