Дастури президент оид ба омодагӣ ба мавсими зимистон

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд. Бино ба иттилои хадамооти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили омодагӣ ба зимистон ва вусъат додани корҳои кишоварзӣ баррасӣ шуд. Дар назди масъулин доир ба омода кардани […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.

Бино ба иттилои хадамооти матбуоти сарвари давлат, дар машварат масоили омодагӣ ба зимистон ва вусъат додани корҳои кишоварзӣ баррасӣ шуд.

Дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ, нақлиётӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ ва ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, тайёрӣ ба кишти тирамоҳию барвақтӣ, афзун намудани шумораи гармхонаҳои сабзавоткорӣ ва анҷом додани дигар корҳои таъхирнопазир вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд ҷиддӣ, саривақт ва босифат анҷом дода шаванд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки майдони кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавоти барвақтӣ бояд афзун карда шавад, зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле афзудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.