Ҳалокати 2 нафар бар асари таркиш дар фурӯшгоҳи маводи сӯхти Хуҷанд

Date:



Бар асари таркиш дар яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхти шаҳри Хуҷанд 5 нафар осеб дида, 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, таркиш дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхти ҶДММ «Фараҳ», воқеъ дар кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд рух дода, дар натиҷа Илҳом Бобоҷонови 38-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба таъмир дар ин ҷо машғул будааст ва боз як нафари дигари шахсияташ то ҳанӯз мушаххаснашуда ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин бар асар таркиш се нафар сокинони дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Абдумуталиб Ашрафови 41-сола, Барот Бобоҷонови 20-сола ва Исроил Баротови 28-сола, ки дар ин фурӯшгоҳ кор мекардаанд, низ осеб дидаанд. «Ҳамаи онҳо ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар бемористони №1-и шаҳри Хуҷанд бистарӣ шуданд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки таркиш шояд ба иллати риоя накардани техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи асбобу дастгоҳҳои барқӣ, аз ҷумла дастгоҳи кафшергарӣ рух дода бошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...