Курсантҳои соли аввали Академияи ВКД савганд ёд карданд

Date:



Дар саҳни Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ маросими савгандёдкунии 270 нафар афсарон-курсантони курси якуми Академияи мазкур баргузор гардид, ки 10 нафарашон духтарон буданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин маросим сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, падару модарони курсантон ва меҳмонон иштирок доштанд.

Зимни суханронӣ Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир зикр кард, ки «Ҳар як курсанти Академия бояд баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ омода бошад ва хизмат дар мақомоти корҳои дорхилиро вазифаи муқаддаси хеш шуморад».

Ҳамчунин собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ полковники мустаъфӣ Неъматов Мирзо зимни баромади хеш иброз намуд, ки баҳри шунавандагон дар замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ тамоми шароит муҳайё гардонида шудааст.

Сипас курсанти курси якуми Академияи ВКД Холов Фируз баромад карда, қайд намуд, ки мо дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ саъю кӯшиш мекунем, ки аз паҳлӯҳои ҷадиди илму дониш бархурдор гардида, баҳри ҳифзи Модар-Ватан, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҷаҳду талош варзем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...