Шаҳрдории Душанбе хатсайрҳои нави нақлиёт ба МС «Пойтахт-90»-ро омода мекунад

Date:



Мақомоти шаҳрдории Душанбе хатсайрҳои нави нақлиёти ҷамъиятӣ ба самти маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро, ки аввали ҳамин моҳ бо иштироки сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифт, омода мекунад.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шакавт Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамчунин масъалаи дароз шудани масофаи роҳи баъзе хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ то маҷмааи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад.

«Бо супориши раиси пойтахт, дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90» ҳамарӯза ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзонтар дар муқоиса бо бозорҳои шаҳр гузаронида мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки мақомоти шаҳрдорӣ то ҳол директори маҷмааи савдои «Пойтахт-90»-ро таъин накарда, аз азмони ба истифода додани он раҳбарии маҷмаа бар дӯши маъмурияти мақомоти шаҳрдорӣ вогузор шудааст.


Маҷмааи савдои «Пойтахт-90»

аз се ошёна иборат буда, дар онҳо мағозаҳои таъиноти гуногун, тарабхонаву қахвахонаҳо, нуқтаи мубодилаи асъор ва дигар иншооти зарурӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур 900 нафар бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...