Дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аввали моҳи октябр доир мегардад, санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботии ҳизб муайян карда мешавад.
Муовини раиси ҲНИТ, роҳбари ситоди пешазинтихоботии ҳизб Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маъракаи интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон дар моҳи феврали соли 2015 ҲНИТ то имрӯз 20 нафар номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатаро муайян намудааст.
«Рӯйхати ҳизбӣ аз рӯи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ дар анҷумани ҳизб тартиб дода хоҳад шуд», – гуфт номбурда.
Дар идома зикр гардид, ки шумори вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ низ дар ҷаласаи Шӯрои олии сиёсии ҳизб муқаррар мегардад.


