«Тоҷикстандарт» дар марз бо Қирғизистон дидбонгоҳ сохт

Date:



Бо супориши президенти мамлакат Агентии «Тоҷикстандарт» дар қаламрави ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара барои марзбонон ба маблағи 7 млн. сомонӣ дидбонгоҳи нав бунёд кард.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими чанде қабл доиргардидаи ифтитоҳи дидбонгоҳи марзӣ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Аюдураҳим Қаҳҳоров, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ширкат варзиданд.

«Дар дидбонгоҳи воқеъ дар ду гектар барои адои хизмати марзбонон тамоми шароитҳо муҳайё шуда, дар он бинои иқомати афсарону сарбозон, ҳаммом, ошхона, ҷойи нигаҳдории сагҳои хизматӣ, аспҳо ва майдони сафороӣ сохта шудаанд», – гуфт Тешаев.

Ба қавли ӯ, дар маросими ифтитоҳи дибонгоҳ раиси шаҳри Исфара ваъда додааст, ки барои бунёди хоҷагии ёрирасон ба марзбонон боз 2 гектар замин ҷудо мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...