Барзу Абдураззоқов ба Тоҷикистон бармегардад?

Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов, ки аввали соли равон Тоҷикистонро тарк гуфтаву ба Бишкек рафта буд, рӯзи 16-уми сентябр барои истеъфояш аз Театри давлатии миллии русии Қирғизистон ба номи Ч.Айтматов ариза навиштааст. Бино ба иттилои хабаргузориио 24.kg , рӯзи сешанбе зимни маҷлиси умумии кормандони театр, ки дар он на ҳамаи ҳайати кормандон ширкат варзидаанду вале […]

ASIA-Plus



Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқов, ки аввали соли равон

Тоҷикистонро тарк гуфтаву

ба Бишкек рафта буд, рӯзи 16-уми сентябр барои истеъфояш аз Театри давлатии миллии русии Қирғизистон ба номи Ч.Айтматов ариза навиштааст.

Бино ба иттилои

хабаргузориио 24.kg

, рӯзи сешанбе зимни маҷлиси умумии кормандони театр, ки дар он на ҳамаи ҳайати кормандон ширкат варзидаанду вале сардори Раёсати ҳунар ва таълимоти касбии Вазорати фарҳанг Болот Осмонов, сармутахассис Салтанат Мамбетмӯсоев ва президенти Иттиҳоди арбобони театри Қирғизистон Жаниш Қулмамбетов ҳузур доштаанд, ҳамагон аз ин вазъ огоҳ шудаанд.

Гуфта мешавад, аз ин хабар қисмате аз ҳунармандони театр ба тааҷҷуб афтода, афсӯс хӯрдаанд, ки коргардони соҳибэҳтиром ва писандидаашон нияти тарки театр ва ба Тоҷикистон баргаштанро кардааст. Дар ин театр ӯ муддати 8 моҳ фаъолият намуд.

Бо такя ба гуфтаҳои актёри ин театр Марат Амираев хабаргузории қирғиз менависад, ҳайати кормандони театр муддати тӯлонӣ аз мушкилии муносибати коргардон бо директори театр Александр Кулинский ва саркоргардон Нелли Плешакова огаҳӣ надоштаанд.

«Барзу Абдураззоқов шахси зиёӣ, босавод буда, ҷаҳони бойи маънавӣ дорад ва устоди кори худ аст. Бо ӯ кор кардан дар як вақт ҳам осону ҳам душвор аст: ӯ ба мо, ҳунармандон бисёр чизҳоро меомӯзонид ва талаботаш ҳам сахт буд. Ба туфайли ӯ, ҳунармандон рӯҳбаланд шуда, дар эҷодиёти худ паҳлӯҳои наву тозаро кашф намуданд. Мо аз нав зинда шудем, хостори кору эҷодем. Аммо маълум шуд, ки ӯ ба директору саркоргардон писанд набудааст ва ин дар муносибати беасоси дағалонаи онҳо нисбати ӯ ифода меёфт. Ба қавле дар муддати 8 моҳ онҳо барои ӯ шароитҳои хеле ногувори корро фароҳам карда тавонистанд ва натиҷааш ҳам маълум шуд: Барзу Абддураззоқов аллакай ба ҳавопаймо билет харидааст», – шикоят кардааст ҳунарманд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.