«Тоҷикстандарт» дар марз бо Қирғизистон дидбонгоҳ сохт

Бо супориши президенти мамлакат Агентии «Тоҷикстандарт» дар қаламрави ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара барои марзбонон ба маблағи 7 млн. сомонӣ дидбонгоҳи нав бунёд кард. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими чанде қабл доиргардидаи ифтитоҳи дидбонгоҳи марзӣ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Аюдураҳим Қаҳҳоров, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии […]

Аваз Юлдошев



Бо супориши президенти мамлакат Агентии «Тоҷикстандарт» дар қаламрави ҷамоати Лаккони шаҳри Исфара барои марзбонон ба маблағи 7 млн. сомонӣ дидбонгоҳи нав бунёд кард.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маросими чанде қабл доиргардидаи ифтитоҳи дидбонгоҳи марзӣ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Аюдураҳим Қаҳҳоров, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии кишвар генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода ширкат варзиданд.

«Дар дидбонгоҳи воқеъ дар ду гектар барои адои хизмати марзбонон тамоми шароитҳо муҳайё шуда, дар он бинои иқомати афсарону сарбозон, ҳаммом, ошхона, ҷойи нигаҳдории сагҳои хизматӣ, аспҳо ва майдони сафороӣ сохта шудаанд», – гуфт Тешаев.

Ба қавли ӯ, дар маросими ифтитоҳи дибонгоҳ раиси шаҳри Исфара ваъда додааст, ки барои бунёди хоҷагии ёрирасон ба марзбонон боз 2 гектар замин ҷудо мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.