Ҷарроҳии дили тифли 1,5-моҳаи тоҷик дар Красноярск

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Красноярск ҷарроҳии дили духтарчаи якуниммоҳа аз Тоҷикистон анҷом дода шуд. Маблағи пулӣ барои ҷарроҳӣ аз ҷониби созмонҳои хайрия ҷамъоварӣ шуд. Бино ба маълумоти хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба Маркази ҷарроҳии дилу раги Красноярск, табибон алҳол аз ифшои натиҷаҳои ҷарроҳӣ худдорӣ мекунанд, вале изҳор намудаанд, ки ҷарроҳӣ аз рӯи нақша […]

ASIA-Plus



Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар шаҳри Красноярск ҷарроҳии дили духтарчаи якуниммоҳа аз Тоҷикистон анҷом дода шуд. Маблағи пулӣ барои ҷарроҳӣ аз ҷониби созмонҳои хайрия ҷамъоварӣ шуд.

Бино ба маълумоти хабаргузории

ИТАР-ТАСС

бо такя ба Маркази ҷарроҳии дилу раги Красноярск, табибон алҳол аз ифшои натиҷаҳои ҷарроҳӣ худдорӣ мекунанд, вале изҳор намудаанд, ки ҷарроҳӣ аз рӯи нақша гузаронида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки

Марям Сафароваи 1-моҳа

рӯзи 5-уми сентябр аз бемористони №20-и шаҳр ба шуъбаи эҳёгарии маркази ҷарроҳии дилу раг барои кӯдакон гузаронида шуд. Барои наҷоти ҳаёти тифл анҷоми ҷарроҳии дили ӯ зарур буд, ки арзишаш 1,2 млн. рублро ташкил медиҳад. Волидайни тифл шаҳрвандони Тоҷикистон буда, барои кор ба шаҳри Красноярск омада буданд, аз ин рӯ, аз ҳисоби буҷет гузаронидани ҷарроҳӣ барои кӯдак имкон надошт.

«Маблағ барои ҷарроҳиро сокинони Красноярск ва тамоми Русия ҷамъоварӣ намуданд. Таҳти раҳбарии яке аз фондҳои хайрия ихтиёриён ва аҳли ҷомеа дар як муддати кӯтоҳе 930 ҳазор рубл ҷамъоварӣ намуда, ҳамчунин дар ин иқдоми хайрия диаспораи тоҷикон дар Красноярск – 250 ҳазор рубл ва фонди хайрия – 300 ҳазор рубл саҳмгузорӣ карданд ва воситаҳои боқимонда барои муолиҷаи кӯдакро сокинони саросари Русия таъмин карданд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, барои муолиҷаи минбаъдаи кӯдак пас аз ҷарроҳӣ боз 300 ҳазор рубли русӣ зарур аст.

Ҳамаи шахсоне, ки нияти кумак ба духтарчаро доранд, маълумот дар ин бораро бо гузаштан ба суроғаи

www.dobro24.ru

ба саҳифаи Марям Сайфова дарёфт карда метавонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.