Бонки миллӣ шаҳодатномаи ФҚХ «Мақсади дастгирӣ»-ро бозхонд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) шаҳодатномаи Фонди қарзии хурд (ФҚХ)-и «Мақсади дастгирӣ» бозхонда шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, шаҳодатномаи ФҚХ «Мақсади дастгирӣ» бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва сари вақт пешниҳод накардани ҳисоботҳои саҳеҳу дуруст бозхонд гардидааст. ФҚХ «Мақсади дастгирӣ» бо суроғаи – ҷамоати Янгишаҳри ноҳияи Ҷиргатоли вилояти Хатлон […]

ASIA-Plus



Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) шаҳодатномаи Фонди қарзии хурд (ФҚХ)-и «Мақсади дастгирӣ» бозхонда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, шаҳодатномаи ФҚХ «Мақсади дастгирӣ» бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ фаъолият накардан ва сари вақт пешниҳод накардани ҳисоботҳои саҳеҳу дуруст бозхонд гардидааст.

ФҚХ «Мақсади дастгирӣ» бо суроғаи – ҷамоати Янгишаҳри ноҳияи Ҷиргатоли вилояти Хатлон амал мекард.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Бонки миллӣ дар бораи барҳамдиҳии фонди мазкур ба суд ариза пешниҳод карда шудааст.

Ҳамин тариқ, шумори фондҳои қарзии хурди шомил ба рӯйхати ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон то 38 адад кам шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.