Виктор Никитюк: Ин рӯз барои Украина рӯзи таърихист

Рӯзи 16-уми сентябр Украина ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) созишнома дар бораи ҳамгиройиро ба тасвиб расониданд. Дар матни Созишномаи ҳамгиройӣ ҳеҷ тағйироте ворид нашуд. Дар шарҳи рӯйдоди мазкур сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки Украина кишвари содиқ ба ҳамгиройии аврупоӣ боқӣ монда, тасвиби ин созишнома тавлиди кишвари нави аврупоӣ аст ва […]

ASIA-Plus



Рӯзи 16-уми сентябр Украина ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) созишнома дар бораи ҳамгиройиро ба тасвиб расониданд. Дар матни Созишномаи ҳамгиройӣ ҳеҷ тағйироте ворид нашуд.

Дар шарҳи рӯйдоди мазкур сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки Украина кишвари содиқ ба ҳамгиройии аврупоӣ боқӣ монда, тасвиби ин созишнома тавлиди кишвари нави аврупоӣ аст ва баъди ин узвияти Украина ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад.

Ба андешаи ӯ,  ин рӯз барои Украина рӯзи таърихист. «Тасвиби созишнома бо ИА хайрбод бо Украинаи пасошӯравӣ буда, ба туфайли истодагарӣ дар мавқеи ҷонибдории Аврупо тайи моҳҳои ахир, мо собит кардем, ки ҳукумати Украина ба ҳар як муқаррароти Созишнома содиқ буда, ба ҳимояти он аз нияти бад аз ҳама гуна ҷониб қодир аст», – иброз дошт сафир.

Никитюк таъкид дошт, ки ислоҳоти аврупоии дар Созишнома пешбинишуда афзалияти рақами 1-и раҳбарияти Украина аст. «Пас аз тасвиб ҳеҷ кадоме аз нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба сиёсати пешгирифтаи аврупоии Украина ҷиҳати ҷорисозии ислоҳот таъсир расонида наметавонанд», – мутмаин аст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.