Ҳабси корманди ВКД ба гумони порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ корманди ротаи махсуси зудамали милитсияи ВКД Тоҷикистон Азаматулло Шукуровро ба гумони порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба ҳабс гирифтанд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, корманди милисаи ҳабсшуда ба боварии шаҳрванд Камолов даромада, ӯро ваъда медиҳад, ки дар ротаи махсуси зудамали милитсияи Вазорат ҳамчун […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ корманди ротаи махсуси зудамали милитсияи ВКД Тоҷикистон Азаматулло Шукуровро ба гумони порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба ҳабс гирифтанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, корманди милисаи ҳабсшуда ба боварии шаҳрванд Камолов даромада, ӯро ваъда медиҳад, ки дар ротаи махсуси зудамали милитсияи Вазорат ҳамчун ронанда ба кор монда ва тавсия медиҳад, ки дар оянда барои гирифтани рутбаи ҳарбӣ бояд маълумоти олӣ дошта бошад. «Баъдан Шукуров охиринро бовар мекунонад, ки бар ивази маблағи 1000 доллари ИМА метавонад ӯро дар Донишкадаи ҷисмонӣ ба гуруҳи ғоибона дохил кунад», – зикр мегардад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, А.Шукуров кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, боз барои ҷудо намудани қитъаи замин ва дар оянда соҳиб шудан дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, аз номбурда маблағи 23 900 доллари ИМА гирифта, ваъда медиҳад ки ин корро ҳам амалӣ мекунад, аммо баъди гирифтани маблағҳои мазкур ягон ваъдаҳои додаашро иҷро накарда, ба шаҳрванд Камолов дар маҷмӯъ ба миқдори 24 900 доллари ИМА зарари махсусан калон расонидааст.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур нисбати А.Шукуров мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни ҳол тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.