Ба Тоҷикистон бештар орди Қазоқистон ворид мешавад

Давоми соли равон воридоти орду гандум ба Тоҷикистон қариб пурра аз Қазоқистон сурат мегирад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, тайи моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 47 млн. $ ҳудуди 113,8 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми соли равон воридоти орду гандум ба Тоҷикистон қариб пурра аз Қазоқистон сурат мегирад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, тайи моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 47 млн. $ ҳудуди 113,8 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм қариб 10% ва аз рӯи арзиш тақрибан 15% камтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ба ҷумҳурӣ ба маблағи 55 млн. $ 126 ҳазор тонна орд ворид гардида буд.

Соли равон кишвари асосии воридкунандаи орд ба Тоҷикистон Қазоқистон маҳсуб ёфта, ба ҳиссаи он 113,5 ҳазор тонна аз ҳаҷми умумӣ рост меояд. Боқимонда 300 тонна орд аз Русия таҳвил дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 130 млн. $ 434,7 ҳазор тонна гандуум ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 20% ва аз рӯи арзиш 3% зиёдтар аст. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи 126 млн. $ 366 ҳазор тонна гандум ворид гардида буд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии воридоти гандум 434,4 ҳазор тонна аз Қазоқистон ва ҳамагӣ 300 тонна аз Русия интиқол дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.