Даъвати намояндагони Тоҷикистон ба интихоботи парлумонии Ӯзбекистон

Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистонро расман огоҳ кард, ки рӯзи 21-уми декабр дар Ӯзбекистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад ва намояндагони Тоҷикистон ба сифати нозирон даъват карда мешаванд. Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки масъалаи сафарбарии нозирони тоҷик […]

Аваз Юлдошев



Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистонро расман огоҳ кард, ки рӯзи 21-уми декабр дар Ӯзбекистон маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад ва намояндагони Тоҷикистон ба сифати нозирон даъват карда мешаванд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки масъалаи сафарбарии нозирони тоҷик ба интихоботи парлумонӣ дар Ӯзбекистон баъди муроҷиати расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ ба ҳукумати кишвар ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2005 дар Ӯзбекистон парлумони дупалатагӣ амал мекунад. Дар Палатаи Қонунгузорӣ (поёнӣ)-и парлумон ба муҳлати 5 сол доимо 150 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки моҳи декабри соли 2009 аз ҷониби 4 ҳизби сиёсӣ ва Ҳаракати экологии Ӯзбекистн интихоб шудаанд. Дар палатаи болоӣ – Сенат 100 нафар вакилон фаъолият мекунанд, ки бо шумори баробар – 6-нафарӣ аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд интихоб шудаанд. Ғайр аз ин, 16 нафар аъзои Сенатро президенти кишвар аз ҳисоби шахсони бонуфузи кишвар таъин мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.