Ифтитоҳи Маркази фарҳангии тоҷикон дар Роттердам

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Роттердами Шоҳигарии Нидерланд бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд аз ҷониби диаспораи тоҷик «Маркази фарҳангии тоҷикон» ифтитоҳ ёфт. Раиси он аз ҷониби диаспораи тоҷик Абдуғаффор Сафаров интихоб гардид.  Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ифтитоҳи Марказ сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев ба меҳмонон дар […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Роттердами Шоҳигарии Нидерланд бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд аз ҷониби диаспораи тоҷик «Маркази фарҳангии тоҷикон» ифтитоҳ ёфт. Раиси он аз ҷониби диаспораи тоҷик Абдуғаффор Сафаров интихоб гардид. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни ифтитоҳи Марказ сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев ба меҳмонон дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва туристии кишвар маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар Маркази фарҳангӣ доираи васеи адабиёт дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ, ки аз ҷониби намояндагии дипломатӣ тақдим гардидааст, мавриди тамошо ва истифода қарор дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.